0 %

Инструкция на Тоҷикӣ

Расчет напольного
покрытия
Рассчитайте, сколько ламината потребуется для вашего помещения быстро и просто
Укладка и эксплуатация

Шартҳои иқлимӣ дар бино пеш аз ҷой кардани фарш, ҳангоми ҷойгир кардан ва баъд аз ин бояд ба талабҳои дар поён изҳор карда шуда мувофиқ бошанд:

  • ҳарорати ҳаво дар бино > +18° С;
  • ҳарорати рӯи фарш > +15° С;
  • намнокии нисбии ҳаво 40% - 70%.
    instructions-5
    instructions-5

Пеш аз оғоз намудани ҷойгир кардани фарш, бастаҳоро накушода, фаршҳои ламинатиро ба муддати 48 соат дар ҳамон биное, ки ҷой карда мешаванд, нигоҳ доред

instructions-6

Ҳамаи сатҳҳо бояд ба талабҳои умумии техникӣ мувофиқат кунанд ва бо назардшти меъёрҳои амалкунанда барои ҷой кардани фарш ҷавобгӯй бошанд. Дар вақти омода кардани сатҳ, ки дар он фарш ҷойгир карда мешавад, диққати махсус оид ба риоя кардани талаботҳои дар поён зикркарда шуда бояд дод:

  • Ба хушкӣ, меъёри мавҷудияти намӣ (намии вазнӣ нишон дода шудааст) барои лавҳаҳои рӯйпӯшкунӣ – 4 %, барои пӯшиданҳои сементӣ-регӣ – 5%, барои асоси тахтагӣ – на зиёда аз 7%.
    instructions-7
  • Ба суфтагии сатҳ (ба як метр фарқиати ниҳоии баландии фарш на зиёда аз 3 мм);
    instructions-2
  • Ба сахтии сатҳ / қобилияти барандагӣ;
  • Ба тоза будани сатҳ.
    instructions-3

Ба ғайр аз фаршҳои бечок, фаршҳо аз ПВХ ва болопӯшҳои аз линолеум, резина ва ё чӯб сохташуда, агар ба шартҳои дар боло баёншуда мувофиқ мебошанд, ҳамчун сатҳи ҷойгир кардани фарш истифода бурдан мумкин аст.

Болопӯшҳои бофандагии рӯйи фарш ҳамчун асосҳои ҷойгир кардани фарш ношоям ҳисоб карда мешаванд.

Фаршҳои гарм бо гармкунии электрикӣ ба сифати асоси ҷойгиркунии фарш бо маҳдудият коршоям баҳисоб меравад.

Болопӯшҳои ламинатии фаршро дар рӯйи фаршҳо бо гармкунии обӣ ҷой кардан мумкин аст. Барои ин аз дастуруламалҳои истеҳсолкунандаи фаршҳо бо гарм кардани обӣ истифода кунед.

Фаршҳои гарм бо гармкунии электрикӣ умуман барои истифода бо фаршҳои ламинатӣ мувофиқ мебошанд, бо шарте ки гармкунакҳои онҳо бояд дар даруни фарши бечок ва ё табақаи бетонӣ сохта шаванд, набояд монанди гармкунаки электрикии наворӣ болои рӯяш ҷой гиранд.

Диққат! Ҳарорати сатҳ набояд аз 28°C болотар бошад.

instructions-28c

Фаршҳои гарм дар асоси гармкунаки электрикии навории танзим кардашавандаро бо фаршҳои ламинатӣ истифода кардан мумкин аст, агар истеҳсолкунандаи гармкунакҳо ҳеҷ вақт зиёд шавии ҳарорати сатҳро аз 28°C таъмин мекунад. Дар мавриди тағъирьёбии экстремалии ҳарорат фаршҳои гарми стандартӣ дар асоси гармкунаки электрикии наворӣ ҳарорати сатҳро аз 28°C зиёд болотар мекунанд, ва ба сабаби ин ба сифати асос барои ҷой кардани фарш ношоям баҳисоб мераванд.

  1. Пеш аз ҷой кардани фарш мавҷуд будани нуқсонҳои дидашавандаи фарштахтаҳоро тафтиш кардан лозим аст. Фарштахтаҳои нуксондорро истифода кардан манъ аст.
    instructions-13
  2. Барои васлкунии фаршҳои ламинатӣ ба Шумо лозим мешаванд: чентаноб (рулетка), қалам, арра, тиргакҳо барои нигоҳ кардани масофа то деворро, плёнкаи полиэтилен, ки ғафсиаш 0,2 мм, зермонаки садоногузарӣ ва дар баъзе ҳолатҳо елим.
    instructions-9
  3. Сатҳи фарши бечок ва ё фарш дар асоси минералӣ бояд тамоман бо плёнкаи наминогузари полиэтиленӣ пӯшида шавад. Тасмаҳои плёнка бояд дар ҷоҳҳои васлшаванда ақаллан 200 мм-и канори якдигарро пӯшад. Истифодабарии зермонаки садоногузар барои ҳама асосҳо ҳам тавсия карда мешавад. Ин зермонак бе пӯшидани канори якдигар ҷой карда мешавад.
    instructions-10
    instructions-11
    instructions-12
  4. Элементҳои болопӯши ламинии фарш ҳамеша ба тарзи шиноӣ ҷой карда мешаванд.
  5. Фарштахтаҳоро ба сатҳи ҷойгиркунии фарш ба тарзи мустаҳкам васл кардан (бо истифода аз елим, шурупҳо, мехҳо) манъ аст.
    instructions-8
  6. Ҷойивазкунии ақаллии ҷоҳои васли фарштахтаҳои қаторҳои ҳамсоя - 200 мм.
    instructions-19
  7. Сӯроҳи эҳтиётии ҳама саҳтҳои сахти сохтмонӣ - 8 – 10 мм ташкил мекунанд.
    instructions-17
  8. Дар ҳама ҷоҳҳои дар, гузаришҳо, биноҳои бо шакли мураккаб, биноҳое, ки дарозӣ ва ё барашон аз 10 м зиёд мебошад, гузоштани гузаришҳо/зиначаҳоро лозим меояд.
    instructions-25
    instructions-26
  9. Болопӯшҳои фаршро чунин ҷой кардан тавсия карда мешавад ки равшанӣ аз тирезаҳо дар тарафи қад ба таври параллел ба ҷокҳои васли ҷокҳо фарштахтаҳо афтад. Дар ин ҳолат чокҳо байни болопӯшҳои фарш камтар маълум мешаванд.истираемостиистираемости.
  1. Дар фарштахтаҳо шикоф (A) ва шонаро (B) ёбед.

    instructions-14

    Ба ҷой кардани қатори аввалин аз кунҷи дури чап шурӯъ кунед. Ҳар ду тарафи фарштахта бо шона (B) бояд ба тарафи девор гардонда шавад. Ба ҷой кардани фарш шурӯъ кунед, барои нигоҳ кардани масофа то девор тиргакҳоро гузоред.

    instructions-15
    instructions-17

    Фарштахтаҳоро ба якдигар аз тарафи қад васл карда, ба тарзи дар поён баёншуда қатори пайванд кунед: ба шикофи элементи пеш ҷой кардашуда шонаи фарштахтаи навро зери ягон кунҷ доҳил карда, ба фарштахтаи аввалин ва ба ҳар фарштахтаи минбаъда фарштахтаи навро васл кунед. Баъд аз он фарштахтаро паст кунед то ки тамоман ба болои фарш дароз кашад.

    instructions-16
  2. Дар фарштахтаи охирини қатори аввалин дарозии лозимиро чен кунед ва мувофиқи нишонаи кардашуда элементро арра кунед. Ба ҷой кардани қатори дуюм аз бақияи фарштахтаи охирини қатори аввалин шурӯъ кунед, агар дарозияш аз 200 мм кӯтоҳтар нест. Ба ҷой кардани ҳар қатори минбаъда аз бақияи фарштахтаи охирини қатори пешина шурӯъ кунед.

    Диққат! Ҷокҳои васлӣ нӯгҳои фарштахтаҳои ҳар қатори минбаъда бояд нисбат ба ҷокҳои васли фарштахтаҳои қатори пешина ақаллан 200 мм ҷойивазкунӣ дошта бошанд. Дар вақти васл намудани болопӯшҳо бо канора ва/ва ё декори махсус (масалан, ба плитка монанд) ҷойивазкунӣ бояд мунтазам ва мувофиқи шакл ва сурат ҷойгир карда шавад.

    instructions-19
  3. Васлкун кунии қатори дуюм ва ҳар қатори минбаъда аз васл кардани фарштахтаҳои қатор дар тарафи қад шурӯъ кунед.

    Баъд аз васл кардани қатор онро бардоред, шонаи онро зери кунҷ ба шикофи қатори пешина доҳил карда ва паст кунед то ки дар тамоми дарозии қатор ба пуррагӣ маҳкам карда шавад.

    instructions-20
    instructions-21
    instructions-22
    instructions-23
  4. Барои он ки элементҳои қатори охиринро ба тарзи аниқтарин бурида шаванд:

    • Бо истифодаи фарштахтаи дар масофаи 8-10мм аз девор буда ба қатори пеш аз охирин нишона кунед;
    • ин қаторро аз пайванд ҷудо кунеде ва мувофиқи нишонаи кардашуда қисмҳои зиёдатии фарштахтаҳоро арра кунед;
    • қатори пеш аз охиринро аз фарштахтаҳои нав васл кунед;
    • қатори аз фарштахтаҳои бурида кардашударо ҳамчун қатори охирин истифода баред.

Дар вақти васл кардани фарш дар биноҳои иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ дараҷаи миёнаи намнокии ба ин гуна биноҳо хос бударо ба ҳисоб гирифтан лозим аст. Дар ҳамин гуна ҳолатҳо элементҳоро бо елими махсус часпондан лозим аст. Елимро ба шонаи боло молидан лозим аст, дар вақти ҷой кардани элементҳоро бақияи елим бояд дар ҳамаи чокҳои васлкунандаи элемент берун барояд. Боқимондаи елимро аз қисми болои фарштахта якбора ва ё баъд аз он ки елим каме хушк шавад, тоза кардан мумкин аст.

instructions-31
instructions-32
instructions-33

Диққат! Баъд аз молидани елим байни фарштахтаҳо набояд сӯроҳӣ монад.

Қуттиҳои дарро ба баландии умумии болопӯши ламинатии фарш ва истифода бурдани зермонаки кӯтоҳ тавсия карда мешавад. Баъд аз ин болопӯши фаршро ҷой кардан лозим аст ба таври ин ки фарштахта зери қуттии дар дарояд, байни болопӯши фарш ва девор ва/ва ё фарши дигар тарқиши эҳтиётиро (8 – 10 мм) нигоҳ кардан лозим аст. Агар Шумо дар наздики ҳамин хел қуттии дар ҷой кардани фаршро тамом кунед, барои он ки фарштахтаи навро ҳамвор гузоред, дар ин ҳисса аз қисми поёни ба пеш баромадаи шикофи фарштахтаи ҷой кардашуда ғалақачаро бо искана баровардан лозим аст. Дар ин ҷойҳо аз елими махсуси пайвасткунанда истифода мебаранд.

Агар қуттиҳои дарро кӯтоҳ кардан ғайриимқон мебошад, масалан, қуттиҳои металлӣ, байни болопӯши фарш ва девор ва/ва ё фарши дигар чокҳоро бо хамираи эластикӣ пур кардан ва ё бо профилҳои пуркунандаи мувофиқ пӯшидан лозим аст.

  • Мавқеъи ҷойгиршавии қубурҳоро чен карда ва сӯроҳии эҳтиётиро ба ҳисоб гирифта дар фарштахта нишона гузоред.
  • Сӯроҳҳоро аз диаметри қубурҳо ба андозаи 16мм зиёдтар парма кунед.
    instructions-27
  • Қисми фарштахтаро дар зери кунҷи 45° нисбат ба сӯрохҳо арра кунед.
    instructions-28
  • Қисми арра кардашудаи фарштахтаҳоро ба қисмҳои дигар мувофиқ карда бо елим васл кунед.
    instructions-29
  • Ба пояҳои мебель қабатҳои намадиро пайванд кунед.
    instructions-S1
  • Дар вақти ба ҷои дигар гузоштани мебели вазнин онро баланд бардоред.
    instructions-S4
  • Ғилдиракчаҳои диванҳо ва курсиҳои бояд навъи ҳамвору мулоим бошанд.
    instructions-S2
  • Ҳангоми тоза кардани фарш латта набояд тар бошад. Фаршро танҳо бо латтаи каме намнок тоза кунед
    instructions-S5
    instructions-S6
  • Ҳангоми дар болои рӯйи фарш об резад, онро базуддӣ бартараф ва хушк кардан лозим аст.
    instructions-S10
  • Воситаҳои тозакунандаи абразивӣ ва воситаҳои дигаре, ки дар натиҷаи молиш ба болопӯши фарш метавонад зарар расонанд, истифода набаред.
  • Фаршро суфта накунед, мум ва ё лок назанед.
    instructions-S11
  • Аз чангкашакҳои тозакунии хушк истифода бурдан мумкин аст.
    instructions-S9
  • Чангкашакҳои тозакунии намро (чангкашакҳои шӯянда) ва тозакунакҳои буғиро истифода бурдан манъ аст.
    instructions-S12
  • Болопӯши фаршро аз лойи дурушт нигоҳ кунед, дар доираи даромадгоҳ гилемчаҳои лойгирандаро истифода кунед.
    instructions-S3
  • Барои болопӯши фарш воситаҳои тозакунандаро дар асоси спирт ва ё сирко истифода кунед. Аз бензин, воситаҳои барои баровардани лок, доғбари универсалиро ҳам ба сифати воситаи тозакунанда истифода бурдан мумкин аст.
  • Воситаҳои зарфшӯӣ, собуни обакӣ ва воситаҳои тозакунандаи дигарро, ки пардачаро пайдо мекунанд, истифода кардан манъ аст.
    instructions-S7
    instructions-S8
  • Бо вуҷуди мустаҳкамии фаршҳои ламинатӣ, агар ягон харобӣ ошкор шавад, харобиҳои майдаро бо истифодаи хамираи шаклдиҳандаи махсус таъмир кардан мумкин аст. Дар мавриди хароб шудани тамоми фарштахта, дар ин ҳолат онро бояд мутахассиси махсус иваз кунад. Дар ҳолати пайдо шудани зарурият, хоҳиш карда мешавад, ки ба таҳвилгари молатон Шумо муроҷиат намоед.
  1. Кафолати мазкур ба болопӯшҳои ламинатии фарши LA MOENA, ки дар ҷойҳои истиқоматӣ бо назардошти талаботҳои дастурамали васлкунӣ ва истифодабарӣ пешбинӣ шудаанд, дода мешавад.
  2. Вайроншавии фарштахтаи болопӯшӣ фарш дар намуди бапуррагӣ вайроншудани қабати ҳимоякунанда ва қабати коғази ороишии зери он ҳолати кафолатӣ баҳисоб меравад. 
  3. Фурӯрафтагиҳои хурд, ки дар натиҷаи афтиши ягон чизи маишӣ пайдо шудаанд ва тарқиш ва қисми ҷудо шуда недоранд, мавриди кафолатӣ нестанд. Харобиҳои ба сабаби чизи нӯгборике пайдошуда ҳам аз кафолат бароварда мешаванд. 
  4. Кафолати мазкур ба харобиҳои зоҳирӣ ба монанди касиф шудани фарш дар натиҷаи судашавӣ ба сабаби мебель ва ё фурӯрафтагиҳо, тааллуқ надорад.
  5. Кафолати мазкур зарареро, ки дар натиҷаи истифодаи нодурусти болопӯши фарш, фалокатҳо, ҳолатҳои рафънопазир ва ҳар хел ҳолатҳои барои истиқоматгоҳҳо ғайриоддӣ пайдо шудааст, пардохт намекунад. 
  6. Кафолати мазкурро ба шахси дигаре супурдан мумкин нест, он танҳо ба харидори бевосита тааллуқиат дорад. 
  7. Хароҷоти ҷой кардани ва таҷзияи болопӯши фарши вайрон кардашуда аз кафолат бароварда мешаванд.
  8. Пеш аз гирифтани қарори қабул кардани мавриди кафолатӣ намояндагони истеҳсолкунанда ва ё дистрибьютор ҳуқуқ дорад объектро, ки дар он болопӯши фарш ҷой карда шуда буд, аз назар гузаранд ва ба қоидаҳои ҷой кардани ва истисмори фарш мувофиқ будан ё набудани вайро тафтиш кунанд.

* кафолат ба судашавии сатҳи ламинат паҳн мешавад
1) Класс - синф
2) Муҳлати кафолат барои истифода дар хона
3) Муҳлати кафолат барои истифодабарии тиҷоратӣ